Январ 13, 2018 15:44 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори сенздаҳумин нишасти байналмаҷолиси кишварҳои исломӣ дар Теҳрон

Нишастҳои коршиносии сенздаҳумин Конфронси байналмаҷолиси кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) аз субҳи имрӯз (шанбе) дар Теҳрон оғоз шуд.

Нишастҳои коршиносӣ, тахассусӣ ва низ кумитаҳои иҷроии сенздаҳумин Конфронси байналмаҷолиси кишварҳои узви СҲИ то 15 –уми январи 2018 идома хоҳад дошт.

Дар нишастҳои тахассусӣ ва коршиносӣ ва низ кумитаҳои иҷроӣ ва умумӣ мабоҳиси сиёсӣ ва равобити хориҷӣ, ҳуқуқи башар, занон ва умури хонавода, умури ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва мазоҳиб, умури иқтисодӣ ва муҳити зист, мушорикати занон дар маҷолиси кишварҳои исломӣ ва низ таҳияи пешнависи баёнияи поёнии сенздаҳумин нишасти байналмаҷолиси кишварҳои исломӣ баррасӣ хоҳад шуд.

 Ийини аслӣ ва ифтитоҳияи сенздаҳумин нишасти байналмаҷолиси кишварҳои узви СҲИ рӯзи сешанбе, 16-уми январ бо ҳузури сарони қувваҳои сегонаи Эрон ва низ раисони маҷолиси ширкаткунанда оғоз хоҳад шуд.

 Ин нишаст рӯзи чаҳоршанбе бо интишори баёнияе ба кори худ поён хоҳад дод.

 Намояндагони маҷолиси 41 кишвар аз Осиё ва Африқо дар нишасти Теҳрон ҳузур доранд, ки шомили 12 раиси маҷлис ва 9 муовини раиси маҷлис ва низ раисони ҳайатҳои ширкаткунанда ва ҳамчунин намояндагоне аз Русия аст.

Дувоздаҳумин нишасти байналмаҷолиси кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ соли 2017 дар кишвари африқоии Мали баргузор шуда буд.