Август 23, 2016 14:33 Asia/Dushanbe
  • ​

Толоб (кӯл) -и байналмилалӣ ва зебои Чуғохӯр бо масоҳате ҳудуди 2300 гектор дар устони Чаҳормаҳол ва Бахтиёрӣ, дар ғарби Эрон қарор дорад.

Толоби байналмилалӣ ва зебои Чуғохӯр аз Шаҳри Курд, маркази устони Чаҳормаҳол ва Бахтиёрӣ 65 километр фосила дорад.


Толобро марғзоре васеъ дар бар гирифта, ки масоҳати он ҳудуди 700 гектор баровард шудааст. Ин марғзор дар моҳҳои апрел то октябр, ки сатҳи об рӯ ба коҳиш меорад, аз ин ҳам васеътар мешавад.


Таъмини об;

Эътидоли ҳаво дар тобистон яке аз ҷаззобиятҳои тафреҳии ин ноҳия аст. Манобеи обии толоб умдатан аз тариқи ҷӯю чашмаҳои канори кӯҳи Кулор таъмин мешавад.


Гиёҳон:

Ин толоб бо 58 навъ гиёҳон ва обзиён аз аҳамияти зистмуҳитии болое бархурдор аст.

Парандагон ва ҷонварон:

Аз тирамоҳ то баҳори ҳар сол ҳазорон парандаи бумӣ ва муҳоҷир дар ин толоб ба сар мебаранд ва тухмгузорӣ мекунанд.

Моҳиён:

Моҳиҳои минтақа иборатанд аз "Капур", "Арус", "Омур", "Ширмоҳӣ" ва ғайра...

Фасли баҳор ва тобистон замони беҳтарин барои боздиди ин толоб аст.