Январ 14, 2018 15:01 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон - мизбони конфронси байнипарлумонии кишварҳои узви СҲИ

Теҳрон акнун мизбони нишастҳои муқаддамотии сездаҳумин конфронси байнипарлумонии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ аст. Нишастҳои коршиносӣ, тахассусӣ ва низ кумитаҳои иҷроияи сездаҳумин конфронси байнипарлумонии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ аз субҳи шанбе оғоз шудааст ва то 15-уми январ идома хоҳад дошт.

Созмони Ҳамкории Исломӣ дувумин созмони байналмилалӣ пас аз Созмони Милали Муттаҳид бо узвияти 57 кишвари исломӣ дар густараи беш аз чаҳор қораи ҷаҳон аст. Созмони Ҳамкории Исломӣ (Organization of the Islamic Cooperation), дар воқеъ, садои ҷамъии ҷаҳони Ислом аст, ки дар сурати якпорчагӣ дар мавозеъ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонад дар ҳифозат ва ҳимоят аз манофеи ҷаҳони Ислом дар заминаи тарвиҷи сулҳи байналмилалӣ нақши асаргузор дошта бошад. Номи ин созмон аз замони таъсиси он дар соли 1969 то соли 2011 ба унвони Созмони Конфронси Исломӣ бо аҳдофи таъсиси ин иттиҳод дарҳам омехта шуд, аммо акнун ин созмон бо маҷмӯае аз аҳдофи калон ба унвони Созмони Ҳамкории Исломӣ ба дунболи иртиқои ҳамбстагӣ миёни кишварҳои узв ва ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва дигар мавориди асосӣ аст.

Акнун намояндагони парлумонҳои 41 кишвар аз Осиё ва Африқо дар нишасти Теҳрон ҳузур доранд. Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон бо нақшофаринӣ дар маҷомеи парлумонии ҷаҳонӣ, монанди иттиҳоди байнипарлумонӣ ва ибтикори амал дар эҷоди ниҳодҳои намояндагӣ аз қабили таъсиси Иттиҳодияи байнпарлумонии кишварҳои исломӣ (PUIC) ё маҷомеи парлумонии минтақаие монанди Маҷмаи парлумонии Осиё (APA) талош карда, аз зарфиятҳои дипломатии парлумонии чандҷониба низ барои ифои нақши амниятофар дар арсаи байналмилалӣ истифода кунад.

Мавзӯи Фаластину Қудс ва нигоҳ ба масоиле монанди терроризм ва ҳуқуқи башар барои кишварҳои исломӣ дар авлавият аст ва нигарониҳои қобили таваҷҷуҳе дар сатҳи ҷаҳони Ислом ва дар сатҳи байналмилалӣ дар ин заминаҳо вуҷуд дорад. Дар канори ин масоил ва нигарониҳо нигоҳи стратегии гурӯҳи байнипарлумонии Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар ин марҳалаи ҳассос метавонад ба тақвияти талошҳое дар ҷиҳати иҷрои комили муоҳидоти халъи силоҳи ҳастаӣ низ зоҳир шавад. Таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ дар ин марҳалаи ҳассос, ки Амрико талош мекунад, бо эҷоди мавонеъ дар иҷрои БарҶом пас аз тавофуқномаи ҳастаӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалро аз таҳдидҳои воқеии ҳастаӣ, аз ҷумла силоҳҳои атомии режими Исроил ва иҷро нашудани Муоҳидаи халъи силоҳи ҳастаии фарогир дар ҷаҳон дур созад, ҳоизи аҳамият аст. Таомулоти парлумонҳои кишварҳои исломӣ дар ин арсаҳо метавонад талошҳои ҷамъиро дар ҷиҳати ҳалли буҳронҳои таҳмилшуда ба кишварҳои исломӣ тақвият намояд.