Январ 14, 2018 18:54 Asia/Dushanbe
  • Камолвандӣ: Эрон ҳаргиз иҷозаи дастрасӣ ба сайтҳои низомиро намедиҳад

Сухангуи Созмони энержии атомии Эрон таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон иҷозаи дастрасии Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ ба сайтҳои низомиро намедиҳад ва асосан чунин мавзуе дар подимон, протоколи илҳоқӣ ва БАРҶОМ вуҷуд надорад.

Беҳрӯзи Камолвандӣ бо радди шурути чаҳоргонаи раисҷумҳури Амрико дар хусуси идомаи барномаи ҷомеи иқдоми муштарак “БАРҶОМ” гуфт: Дар гузашта бо бозрасӣ аз сайтҳои низомии Эрон монанди Парчин парвандаи ин мавзуъ баста шуд ва акнун ҳеч мавзуе, ки аз ҷониби Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ матраҳ шуда бошад, ки бихоҳад, ба сайти низомии Эрон дастрасӣ ёбад, вуҷуд надорад.  

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 12 январ ҳамзамон бо тамдиди таълиқи таҳримҳои ҳастаии Эрон, чаҳор шарт аз ҷумла тағйири бархе мафоди БАРҶОМ, дастрасӣ ба сайтҳои низомӣ ва таҳрими мушакии Эронро барои боқӣ мондани кишвараш дар БАРҶОМ, таъин кард .

Камолвандӣ афзуд: Тааҳҳудоти барҷомии Эрон бар асоси протокол ва подимон, рафъи саволоти Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ ва дастрасии такмилии тибқи ончи дар протокол омада, дар ҳоли иҷрост ва ин ниҳоди байналмилалӣ ҳеч мавзуе дар хусуси дастрасӣ бо сайтҳои низомии Эрон дар дастури кор надорад.

Вай таъкид кард: Ҳамкориҳои Эрон бо Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ, ки дар чорчуби подимон, протокол ва БАРҶОМ ба таври сареҳ, мушаххас шудааст, идома хоҳад дошт .