Январ 17, 2018 10:17 Asia/Dushanbe
  • Устоди эронӣ дар ҷамъи донишмандони як дарсади пуристинод дар ҷаҳон

Мақсуди Амирӣ, устоди донишгоҳҳои Эрон ба ҷамъи донишмандони як дарсади пуристиноди ҷаҳон пайваст.

Бар асоси эъломи охирин натоиҷи Пойгоҳи шохисҳои асосии илм (ISI – ESI), ки дар ноябри соли 2017 мунташир шуд, номи Мақсуди Амирӣ дар ҷамъи донишмандони як дарсади пуристинод дар сатҳи байналмилалӣ қарор гирифтааст.

Мақсуди Амирӣ, узви ҳайати илмии донишкадаи мудирият ва ҳисобдории Донишгоҳи аллома Таботабоӣ то кунун беш аз 250 мақола дар маҷаллаҳои муътабари илмӣ – пажӯҳишӣ ва ISI ба чоп расонидааст.

ISI гароишҳои мухталифи улумро ба 22 шохаи аслӣ (аз ҷумла физика, химия, микробшиносӣ, риёзӣ, дорушиносӣ, биохимия, иқтисод ...) тақсим ва ҳар ду моҳ як бор афрод, донишгоҳҳо ва марокизи таҳқиқотиро бар асоси мизони муроҷиат ба мақолоти чопшудаи онҳо дар 10 соли гузашта рутбабандӣ мекунад.