Ҳимояти дабири кулли Созмони Милал аз БАРҶОМ
(last modified Thu, 18 Jan 2018 13:11:52 GMT )
Январ 18, 2018 18:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти дабири кулли Созмони Милал аз БАРҶОМ

Дабири кулли Созмони Милал аз иҷрои Барномаи Ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), ҳимоят кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Стефан Дожарик, сухангӯи Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти хабарӣ баёнияи вайро дар бораи БАРҶОМ, қироат кард.

Антонио Гутерриш дар баёнияи худ бо ибрози хурсандӣ аз дуввумин соли иҷроии Барномаи Ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) гуфт, мавзуоти ғайри муртабит бо БАРҶОМ набояд ба ин тавофуқномаи байналмилалӣ латма бизанад.

Дабири кулли созмони Милал бо таъкид бар ин ки БАРҶОМ ба сулҳ ва амнияти минтақа ва ҷаҳон кумак кард, афзуд, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ борҳо иҷрои комили тааҳҳудоти Эронро бар асоси ин тавофуқнома, таъйид кардааст.

Дар ҳамини ҳол « Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва мақомҳои кишварҳои аврупоӣ низ дар моҳҳои ахир борҳо бо таъкид бар ин, ки БАРҶОМ мутааллиқ ба ҷомеаи байналмилалӣ аст, аз ин тавофуқи байналмилалӣ ҳимоят кардаанд.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 (Бритониё, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) БАРҶОМ аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ, ҳамвора дар иҷрои БАРҶОМ бадаҳдӣ мекунад.