Январ 20, 2018 18:15 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз доруи зидди саратон бо корбурди пайванди мағзи устухон дар Эрон

Доруи зидди саратон “Neofor”, рӯзи шанбе бо ҳузури Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар воҳиди тавлидии “Синожен Албурз” (ғарби Теҳрон), рӯнамоӣ шуд.

Ин дору, нахустин бор дар Эрон сохта шудааст ва барои пайванди мағзи устухон корбурд дорад.

Бо сохти ин дору дар Албурз, аз хурӯҷи арз аз Эрон, ҷилавгирӣ мешавад.

Дар оини рӯнамоӣ аз доруи зидди саратони “Neofor”, ҳамчунин эълом шуд, ширкати доруии “Синожен Албурз” барои нахустин бор дар таърихи тавлиди дору дар Эрон, гувоҳиномаи стандарти тавлиди беҳинаи доруи Аврупо «GNP»-ро дарёфт кунад.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ дар сафари якрӯзаи худ ба устони Албурз, аз чанд воҳиди тавлидӣ, баҳрабардорӣ кард.

 

Барчасп