Январ 20, 2018 21:25 Asia/Dushanbe
  • Шарти Эрон барои идомаи пойбандӣ ба тавофуқи ҳастаӣ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шарти Эронро барои идомаи пойбандӣ ба тавофуқи ҳастаӣ, эълом кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар дидори Petros T.Nacouzis, сафири ҷадиди Қибрис дар Теҳрон, гуфт, Эрон то замоне, ки тарафҳои муқобили БАРҶОМ ба тааҳҳудоти худ пойбанд бошанд, ба БАРҶОМ пойбанд хоҳад монд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин дар ин дидор гуфт, зарфиятҳои бисёри хубе байни Эрон ва Қибрис дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ вуҷуд дорад, ки бо беҳбуди сатҳи равобити бонкӣ, метавон ҷаҳише дар муносиботи иқтисодӣ эҷод кард.

Вай бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳони сулҳ ва тавсеа дар минтақа ва ҷаҳон аст, гуфт, мушкили Қибрис аз тариқи гуфтугӯ қобили ҳаллу фасл аст ва Эрон аз истиқлол ва якпорчагии Қибрис ҳимоят мекунад.

Сафири ҷадиди Қибрис дар Эрон низ ҳадафи Теҳрон ва Никосияро барқарории сулҳ, оромиш ва сабот дар минтақа донист ва гуфт, БАРҶОМ  метавонад ба густариши сулҳу субот дар минтақа, кумак кунад.