Январ 22, 2018 13:05 Asia/Dushanbe
  • Оғозии размоши артиши Эрон ба номи “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)”

Размоиши муштараки “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз субҳи имрӯз (душанбе) бо эъломи рамзи «Ё Расулуллоҳ», дар савоҳили ҷанубии Эрон оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Амир Дарёдор Ҳабибуллоҳи Сайёрӣ, муовини ҳамоҳангкунандаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз араши нови мушакандози «Фалохн», ин размоишро бо эъломи рамзи “ё Расулуллоҳ (с)”, оғоз кард.

Амири Сайёрӣ ба хабарнигорон гуфт, ин размоиш бо ҳузур неруҳои дарёӣ, ҳавоӣ, заминӣ ва падофанди ҳавоии “Хотам ул Анбиё”-и Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар савоҳили Макрон ва дарёи Уммон, то мадори 15 дараҷаи шимолӣ ба муддати ду рӯз дар вусъати се километри мураббаъ баргузор мешавад.

Муовини ҳамоҳангкунандаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба ин ки бахше аз ин размоиш дар обҳои байналмилалӣ ба иҷро дармеояд, гуфт, паёми ин размоиш, сулҳу дӯстӣ барои кишварҳои минтақа ва афзоиши тавони Ҷумҳурии Исломии Эрон барои таъмини амнияти обҳо ва хутути интиқоли энержӣ дар минтақа аст.