Иттиҳомзании ҷадиди Фаронса алайҳи барномаи дифоии мушакии Эрон
(last modified Mon, 22 Jan 2018 11:50:12 GMT )
Январ 22, 2018 16:50 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳомзании ҷадиди Фаронса алайҳи барномаи дифоии мушакии Эрон

Давлати Фаронса дар иттиҳомзании ҷадид, Эронро ба нақзи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ба далели пайгирии барномаи мушакҳои баллистик муттаҳам кард.

Ин иттиҳомзании Фаронса дар ҳолест, ки қатъномаи ёдшуда нозир ба фаъолияти мушакӣ бо ҳадафи эҷоди қобилияти ҳамли таслеҳоти ҳастаист ва Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ токунун борҳо сулҳомез будани фаъолиятҳои ҳастаии Эронро тайид кардааст .

Ле Дриан, вазири умури хориҷаи Фаронса бо ишора ба барномаи сафари панҷуми марти худ ба Теҳрон муддаӣ шуд, ки дар ин сафар дар бораи масъалаи мушакҳои баллистик низ бо мақомоти эронӣ гуфтугӯ мекунад.

Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ин иддаои Ле Дриан гуфт, меҳвари музокироти сафари вай мушаххас нест .

Қосимӣ таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳеч кишваре музокироти мушакӣ- дифоӣ надоштаву нахоҳад дошт .