Саҳми 27-дарсадии Эрон аз захоири нафту гази ҷаҳон
Муовини вазири нафти Эрон гуфт, Эрон ба далели доштани 27 дарсад аз маҷмӯи захоири нафтӣ ва газии ҷаҳон саҳми қобили таваҷҷуҳе дар тавлиди ҷаҳонии энержӣ дорад.
Ба гузориши ИРНА, Ҳабибуллоҳи Бетараф, муовини вазири нафти Эрон дар умури муҳандисӣ, пажуҳиш ва фанноварӣ дар оини оғоз ба кори чаҳордаҳумин Намоишгоҳи байналмилалии нафту энержӣ - Кеш ИНИЭКС-2018 (Kish ENEX-2018) гуфт, 9 дарсади захоири нафту 18 дарсади захоири гази табиии ҷаҳон дар ихтиёри Эрон аст, ки бо таваҷҷуҳ ба ин саҳм бояд миқдори бештаре аз нафту гази мавриди ниёзи ҷаҳонро таъмин кунад. Ба гуфтаи Бетараф, Эрон 18 дарсад аз захоири гази ҷаҳонро дар ихтиёр дорад, аммо солона ҳудуди панҷ дарсади гази ҷаҳонро тавлид мекунад.
Чаҳордаҳумин Намоишгоҳи байналмилалии нафт ва энержӣ бо ҳузури беш аз 180 ширкати дохилию хориҷии ҳавзаи нафту энержӣ шаби душанбе дар ҷазираи Кеш, ҷануби Эрон кушоиш ёфт. Дар ин намоишгоҳ, ки то 25-уми январ дар маҳалли намоишгоҳҳои байналамилалии Кеш баргузор мегардад, охирин фурсату зарфиятҳои сармоягузорӣ ва сармояпазирӣ дар саноати энержии Эрон ва дастовардҳои созандагону тавлидкунандагони саноати вазнини нафт, газ, нафту кимиё, обу барқ ва энержиҳои нав ба намоиш гузошта шудааст.