Январ 24, 2018 14:57 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар ҷойгоҳи чаҳоруми тавлиди илму фанноварии “нано” дар ҷаҳон

Бунёнгузори Пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони Ислом (ISC) гуфт, Эрон бо тавлиди ҳашт ҳазору 791 мақола рутбаи чаҳоруми тавлиди илму фанноварии наноро дар соли 2017 ба худ ихтисос дод.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Ҷаъфари Маҳрод афзуд, ҳудуди 50 дарсади мақолоти муртабит бо фанноварии “нано” дар соли 2017 тавассути кишварҳои Чин, Амрико, Ҳинд, Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ тавлид шудааст.

Вай гуфт, бар асоси дарсади тафкикшудаи тавлидоти илмии кишварҳои бартар дар ҳавзаи муртабит бо фанноварии “нано”, Эрон дар радифи чаҳорум қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи Маҳрод, Арабистони Саудӣ ва Туркия дар байни кишварҳои исломӣ ба тартиб бо тавлиди ду ҳазору 802 мақола ва ду ҳазору 299 мақола дар ҳавзаи фанноварии “нано” дорои рутбаҳои 16 ва 20-и ҷаҳон ҳастанд.