Январ 24, 2018 19:30 Asia/Dushanbe
  • Аз саргирии тавлиди маҳсулоти Эронхудру дар Беларус

Дар қарордоде байни ширкати Эронхудруи Эрон ва ширкати Юнисони Беларус, ки бо ҳузури вазирони санъати Эрону Беларус имзо шуд, тавлиди маҳсулоти Эронхудру дар Беларус аз сар гирифта мешавад.

Дар фазаи аввали ин қарордод, ки дар чорчуби чаҳордаҳумин Иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ба имзо расид, тавлиди ҳазор дастгоҳ маҳсули Дено дар сол ҳадафгузорӣ шудааст .

Дар фазаи баъдӣ низ тавлиди маҳсулоти дигари Эронхудру аз ҷумла Дено Плос ва маҳсулоти ояндаи Эронхудру бо платформаи миллӣ пешбинӣ шудааст ва дар муддати панҷ сол тавлиди ин сайт ба 5 ҳазор дастгоҳ хоҳад расид .

Тибқи эъломи Эронхудру, ин ширкат барои нахустин бор ба манзури иртиқои кайфияти хадамоти пас аз фурӯш, пас аз итмоми давраи гарантии маҳсулот бар асоси натиҷаи арзёбии ризоятмандии муштариён, як дарсад аз ҳазинаи хадамоти пас аз фурӯшро ба унвони ташвиқ ба ширкати Юнисон пардохт мекунад .

Тавсеаи бозор дар кишварҳои CIS аз тариқи тавлиди маҳсул дар сайти Беларус ва содирот ба ин кишварҳо яке аз аҳдофи эҳёи сайти Эронхудру дар Беларус аст .

Тарифаи тарҷеҳӣ дар кишварҳои узви CIS муҷиби сарфаи иқтисодӣ дар содирот аз Беларус ба ин минтақа хоҳад шуд .