Август 24, 2016 17:29 Asia/Dushanbe
  • Худкифоии Эрон дар таъмини фаровардаҳои хун

Раиси Созмонии интиқоли хуни Эрон гуфт: Бар асоси сиёсатҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таъмини фаровардаҳои хун ба худкифоӣ расидааст.

Алиакбари Пурфатҳуллоҳ - раиси Созмони интиқоли хуни Эрон бо баёни инки акнун барои ҳар як ҳазор нафар дар Эрон 27 воҳид хун вуҷуд дорад, таъкид кард: Бар асоси фарояндҳои оморӣ дар якуним соли гузашта ҳеҷ камбудӣ дар бемористонҳои Эрон барои таъмини хуни мавриди ниёзи беморон мушоҳида нашудааст.

Пурфатҳуллоҳ бо ишора ба барномарезиҳои дар ҳоли анҷом барои беҳбуди кайфияти хун афзуд: Хуни тавлидӣ дар Эрон аз солимтарин фаровардаҳои хунӣ дар минтақа аст.