Январ 25, 2018 13:59 Asia/Dushanbe
  • Захоири маъдани Эрон дар радифи 10 кишвари нахусти ҷаҳон

Раиси Созмони тавсеа ва навсозии маодин ва саноеи маъдани Эрон гуфт, захоири маъдани Эрон дар радифи 10 кишвари нахусти ҷаҳон аст.

Маҳдии Карбосиён афзуд, захираи маъдани Эрон дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла тилло, мис ва ангиштсанг ҳудуди 50 миллиард доллар аст.

Эрон бо бархурдорӣ аз 68 навъ моддаи маъданӣ ва шиносоии ҳудуди 60 миллиард тон захираи маъданӣ аз назари танаввуъ дар байни кишварҳои ҷаҳон дар ҷойгоҳи даҳум қарор дорад.

Ҳудуди ҳафт дарсади захоири маъдани ҷаҳон дар Эрон қарор дорад.

 

Барчасп