Ду воқеияте, ки Амрико ва Арабистон наметавонанд тағйир диҳанд
Вазири умури хориҷаи Эрон дар “твитт”-и ҷадиди худ аз ду воқеияте навишт, ки Амрико ва Арабистон наметавонанд, онро тағйир диҳанд.
Муҳаммадҷаводи Зариф дар ҷаддидтарин “твитт”-и худ навишт, ҳар қадр зангҳои таблиғотии Трамп ва ҳамдастонашон "ҳақоиқи ҷойгузин" тавлид кунанд, ҳармизон, ки Арабистони Саудӣ бозии таблиғотӣ "чашмандози нуронӣ" роҳбиандозад ва ҳарқадар Амрико талош кунад, шикасти ДИИШ-ро ба номи худ сабт кунад, наметавонанд ду воқеияти зерро тағйир диҳанд.
Зариф дар тавзеҳи нахустин воқеият навишт, ин Эрон буд, ки барои шикаст додан ДИИШ ба кумаки мардуми Ироқ ва Сурия шитофт.
Вазири умури хориҷаи Эрон воқеияти дуввумро низ чунин матраҳ кард, ин Амрико ва Арабистони Саудӣ буданд, ки ба ДИИШ силоҳ доданд.
Вазири умури хориҷаи Арабистон дар яке аз нишастҳои Давос-2018 бо тарҳи иддаои набарди чашмандози торикӣ ва чашмандози рӯшноӣ дар Ховари Миёна, муддаи шуд, Эрон дар чашмандози торикӣ қарор гирифта ва қасд дорад императориеро эҳё кунад, ки "ҳазорон сол пеш нобуд шудааст."