Январ 25, 2018 22:29 Asia/Dushanbe
  • Эрон, раҳбари навоварии соли 2017 дар минтақа

Бар асоси гузориши байналмилалии шохиси навоварии ҷаҳонӣ, Эрон дар соли 2017 раҳбари навоварӣ, фанноварӣ ва халлоқият дар минтақа, муаррифӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, Алии Маликӣ, Дабири илмии дувумин ҷашнвораи маҳсули бартари эронӣ, рӯзи панҷшанбе дар ин ҷашнвора, ки дар Донишгоҳи санъати Шарифи Теҳрон барпо аст, афзуд, Эрон агарчи дар минтақа ба мақоми раҳбари навоварӣ даст ёфтааст, аммо дар ҷаҳон рутбаи 75-ро доро аст, ки бояд ҷойгоҳи ҷаҳонии Эрон боз ҳам беҳбуд ёбад.

Вай гуфт, дар чаҳор, панҷ соли гузашта рутбаи ҷаҳонии Эрон 100 будааст, ки дар муқоисаи бо он, акнун 25 пила сууд кардааст.

Маликӣ гуфт, таҳияи гузориши байналмилалии шохиси навоварии ҷаҳонӣ аз соли 2012 бо ҳамкории се маҷмӯа, аз ҷумла Созмони моликияти фикрии ҷаҳонӣ ва ду ниҳоди илмӣ дигар оғоз шуд ва дар муқоиса, кишварҳо аз назари навоварӣ, 81 шохисро месанҷанд.

 

Барчасп