Январ 26, 2018 17:53 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Режими саҳюнистӣ  ҳастаи мушкилоти Ховари Миёна аст

Муовини намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид режими саҳюнистиро ҳастаи мушкилоти Ховари Миёна донист, ки сиёсатҳои таҷовузгарона ва тавсеаталабонаи он вазъиятро бадтар кардааст.

Исҳоқ оли Ҳабиб рӯзи панҷшанбе дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар мавзӯи Фаластин ва Ховари Миёна гуфт, Эрон ҳимояти худ аз Фаластинро дубора эълом мекунад ва бо дарки ранҷу беадолатие, ки дар ҳаққи фаластиниҳо эъмол шудааст, аз ҳаққи ҳокимияту таъйини сарнавишти фаластиниҳо ва ташкили кишвари Фаластин бо пойтахти Қудси шариф ҳимоят мекунад. Исҳоқ оли Ҳабиб бо ёдоварии савобиқи ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди мардуми Фаластин тасреҳ кард, Шӯрои амният борҳо шаҳраксозии ин режимро маҳкум карда, аммо режими Исроил ҳамвора дар ҳоли инкори ҳуқуқи фаластиниҳо ва таҳкими ишғолгарӣ аст. Муовини намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид хотирнишон кард, шаҳраксозии рӯ ба рушди режими саҳюнистӣ на фақат тахаллуф аз Конвенсияи чаҳоруми Женева, балки ҷинояти ҷангӣ аст, ки нишон медиҳад, Исроил ҳама системаҳои байналмилалии ҳоким бар силоҳҳои куштори ҷамъиро нодида гирифтааст. Исҳоқ оли Ҳабиб таъкид кард, ҷой таассуф аст, ки Шӯрои амният дар ҳалли мавзӯоти муҳиме чун ишғоли доими Фаластин ва ё бомбборони Яман дар се соли гузашта шикаст хӯрдааст; бомббороне, ки гуруснагӣ, беморӣ ва нобудии мардуми Яманро ҳамроҳ доштааст.

Муовини намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин бо ишора ба талошҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ барои тағйир додани воқеиятҳо дар минтақаи Ховари Миёна гуфт, мутаассифона, ин ду режим  талош мекунанд, эронҳаросиро дар минтақа роҳандозӣ намоянд.

 

Барчасп