Январ 26, 2018 19:25 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон дар 300 соли гузашта ба ҳеҷ кишваре ҳамла накардааст

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки ҳеҷ кас наметавонад ба минтақа тасаллут дошта бошад, тасреҳ кард, кишварҳои минтақа бояд бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар гуфтугӯ бо Юрген Тоденҳофер (Jürgen Todenhöfer), рӯзноманигори машҳури олмонӣ дар Теҳрон хотирнишон кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон муътақид аст, масоил ва буҳронҳои минтақаӣ танҳо аз тариқи гуфтугӯ бар мабнои ҳамаҷонибанигарӣ ҳал хоҳад шуд. Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Арабистонро яке аз кишварҳои муҳими минтақа баршумурда изҳор дошт, бидуни Арабистон наметавон дар минтақа ба ҷамъбандӣ расид.

Зариф бар аҳамияти эътимодсозӣ миёни кишварҳои минтақа низ таъкид карда афзуд, эътимодсозиро метавон аз тариқи гардишгарӣ, боздидҳои низомӣ ва имзои паймони адами таҷовузгарӣ миёни кишварҳои минтақа ба вуҷуд овард. Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки Эрон дар 300 соли гузашта ба ҳеҷ кишваре ҳамла накардааст, хотирнишон кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи имзои паймони адами таҷовузгарӣ бо тамоми кишварҳои минтақа, аз ҷумла Арабистон аст. Зариф ҳамчунин ба талоши Амрико ва бархе муттаҳидонаш барои эъмоли таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон бо баҳонаи барномаи дифои мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон ишора карда гуфт, Эрон дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа камтарин ҳазинаро барои таслиҳот ихтисос додааст. Вазири умури хориҷии Эрон бо ишора ба ин ки Арабистон, Чин ва дигар кишварҳои минтақа мушакҳое бо бурди бештар аз мушакҳои эронӣ дар ихтиёр доранд, ки ҳатто қобилияти ҳамли кулоҳаки ҳастаиро низ доранд, афзуд, мушакҳои эронӣ барои ҳамли кулоҳаки ҳастаӣ тарроҳӣ нашуданд, зеро Ҷумҳурии Исломии Эрон эътиқоде ба силоҳҳои куштори ҷамъӣ надорад.

 

Барчасп