Август 24, 2016 18:17 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тиҷорати хориҷии Эрон дар панҷ моҳи гузашта

Охирин омори гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон нишон медиҳад, ки мизони тиҷорати хориҷии Эрон дар панҷ моҳи гузашта бо ба ҳисоб гирифтани фаровардаҳои газӣ ва гази моеъ ба 35 миллиарду 817 миллион доллар расидааст.

Дар давраи панҷмоҳаи нахусти соли гузашта арзиши содироти ғайринафтии Эрон 17 миллиарду 336 миллион доллар буд. Бар асоси ин гузориш, дар панҷ моҳи гузаштаи имсол фаровардаҳои газӣ аслитарин колои содиротии Эронро ташкил дод ва дар ин муддат се миллиарду 270 миллион доллар фаровардаҳои газӣ ба соири кишварҳо содир шуд, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи порсол, 9.21 дарсад коҳиш нишон медиҳад.

Кишвари Чин бузургтарин харидори колоҳои эронӣ аст ва дар панҷмоҳаи имсол ҳаҷми содироти ғайринафтӣ ба ин кишвар, ба се миллиарду 405 миллион доллар расид.

Пас аз Чин ба тартиб Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ду миллиарду 914 миллион доллар, Ироқ бо ду миллиарду 485 миллион доллар, Туркия бо ду миллиарду 251 миллион доллар ва Кореяи Ҷанубӣ бо як миллиарду 741 миллион доллар қарор доранд.

Содироти ғайринафтии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба кишварҳои Туркия ва Кореяи Ҷанубӣ низ дар ин муддат афзоиш дошта, аммо содироти ғайринафтии Эрон ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ 15.83 дарсад ва Ироқ 2.15 дарсад дар муқоиса бо давраи мушобеҳ дар соли қабл коҳиш доштааст.

 

Барчасп