Афзоиши қиммати нафти Эрон ба марзи 69 доллар
Январ 28, 2018 17:43 Asia/Dushanbe
Раванди суудии қиммати нафти сабуки Эрон, ки аз ибтидои соли 2018 оғоз шуда буд, дар ҳафтаи мунтаҳӣ ба 19 январ ба 69 доллар расид.
Қиммати нафти сабуки Эрон дар ҳафтаи мунтаҳӣ ба 19 январ ба 68 доллару 81 сент барои ҳар бушка расид, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта 45 сент коҳиш нишон медиҳад.
Миёнгини қиммати нафти Эрон аз ибтидои соли 2018 токунун, 68 доллару 62 сент барои ҳар бушка буд.
Қиммати нафти хоми сангини Эрон низ дар давраи мавриди баррасӣ 60 сент барои ҳар бушка афзоиш ёфт ва ба 66 доллару 22 сент расид.
Миёнгини қиммати нафти сангини Эрон низ аз ибтидои имсол токунун 65 доллару 48 сент барои ҳар бушка будааст.
Барчасп