Январ 29, 2018 18:29 Asia/Dushanbe
  • Намоиши ҷадиди “эронҳаросӣ”-и Амрико бо даъват аз сафирони аъзои Шӯрои амният

Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар Созмони Милал бо даъват аз сафирони кишварҳои узви Шӯрои амнияти Созмони Милал намоиши тозаеро дар идомаи сиёсати эронҳаросӣ тартиб додааст.

Тибқи барномае, ки дафтари намояндагии Амрико дар Созмони Милал эълом карда, намояндагони 14 узви Шӯрои амният ҳамроҳ бо намояндаи Амрико имрӯз, душанбе аз пойгоҳи “Anacostia-Bolling”, ҷое, ки Ҳейли моҳи гузашта бо намоиши оҳанпораҳои мушакӣ Эронро ба кумак ба “Ансоруллоҳ” дар ҳамлаи мушакӣ ба Риёз муттаҳам кард, дидан хоҳанд кард.

Моҳи ноябр дар пайи исобати муваффақиятомези як мушаки боллистики дурбурд ба фурӯдгоҳи Малик Холид, дар наздикии Риёз, намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид дар як конфронси хабарӣ бо истодан дар канори оҳанпораҳое, ки муддаӣ буд, лошаи мушаки сохти Эрон аст, Теҳронро ба нақзи қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал муттаҳам кард.

Аммо андаке баъд Фарҳони Ҳақ, ҷонишини сухангӯи дабири кулли Созмони Милал дар конфронси хабарӣ эълом кард, ҳеч мадраки қатъие дар бораи ин иддао вуҷуд надорад, ки кишвари созандаи ин мушакҳоро таъйин карда бошад.

Доктор Абдураҳмон Ар-Роҷеҳ, мудири маркази пажӯҳишҳои сиёсиву байналмилалии “Тақоруб” -и Яман дар таҳлили ин сенария мегӯяд, амрикоиҳо се ҳадафро аз ин намоиш дунбол мекунанд.

Аввалин ҳадаф - боҷ‌гирӣ аз Арабистон аст. Амрико талош мекунад нишон диҳад, ки ҳомии аслии сиёсатҳои моҷароҷӯёнаи Муҳаммад бин Салмон аст то бо ин кишвар қарордодҳои таслеҳотии бештареро бубандад.

Дувумин ҳадаф - эъмоли фишор бар Теҳрон аст, аммо Вашингтон ба иллати ихтилофоти дохилӣ дар саҳнаи сиёсии Амрико ва ҳамроҳӣ накардани Иттиҳоди Аврупо, саъй мекунад ҷиҳатгирии интиқодҳои худро аз Барҷом ба Барномаи мушакии Эрон ҳидоят кунад.

Сеюмин ҳадаф - мавзӯи буҳрони инсонӣ дар Яман аст. Амрико дар эҷоди ин буҳрон бо оли Сауд шарик аст, бинобарин саъй мекунад бо роҳ андохтани ин гуна намоишҳо ба муҳосираву таҷовузи Арабистон ба Яман машруият диҳад.

Аммо лояҳои дигари ин сенариясозӣ акнун бо сафари Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ба Русия ошкортар мешавад.

Рӯзномаи саҳюнистии “Таймс оф” навишт, Натанёҳу рӯзи душанбе дар бораи ояндаи тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ва раванди созиш байни Фаластину Исроил бо Путин гуфтугӯ хоҳад кард.

Амрико, Арабистон ва Исроил бевақфа талош мекунанд дар саҳнаи байналмилалӣ Эронро ба унвони таҳдиде ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд ва дигаронро бо намоишҳои ғайривоқеӣ фиреб диҳанд.

“Вашингтон пост” дар ин бора менависад: “Амрико дар ҳоле, ки ҳазорон мушаку бомбаву силоҳ дар ихтиёри саудиҳо гузоштаву Яман ва кулли минтақаро ба ҳарҷу марҷ кашондааст, Эронро ба бесубот‌созии минтақа муттаҳам мекунад”.

Иддаоҳои Амрико дар мавриди ирсоли мушак аз Эрон ба Яман дар ҳолест, ки дар се соли гузашта Яман ба василаи Арабистону Амрико таҳти шадидтарин муҳосираҳои мумкин қарор гирифтааст. Ба тавре, ки ҳатто имкони ирсоли дору ба ин кишвар вуҷуд надорад то ин ки битавон мушак ба Яман қочоқ кард.

Зимни ин ки дар гузоришҳои мунташиршуда аз сӯйи манобеи саудӣ дар ибтидои таҷовуз ба Яман эътироф шуда, ки яманиҳо аз 300 то 400 мушаки боллистикии дурбурд дар ихтиёр доранд.

Он чӣ мусаллам аст, афкори умумӣ ва қоидатан Шӯрои амният фаромӯш накардааст, ки эътилофи арабӣ ба саркардагии Арабистон ва бо ҳимояти Амрико то кунун ҳазорон яманиро куштаву беш аз ҳафт миллион овора барҷой гузоштааст.