Таслияти Солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ба ривояте
Имрӯз (чаҳоршанбе), 13-уми ҷимоди-ул-аввали соли 1439 –и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 31-уми январи соли 2018 ба ривояте солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), духтари гиромии ҳазрати Муҳамад (с), паёмбари гиромии Ислом ва ҳамсари ҳазрати Алӣ (а) аст.
Иродатмандони аҳли байти исмату таҳорат (а) бо ҳузур дар масоҷид, ҳасайнияҳо, маконҳои мазҳабӣ ва ҳамчунин боргоҳи малакутии ҳазрати имом Ризо (а) дар Машҳади муқаддас (шимоли шарқи Эрон) ва ҳазрати Маъсума (с) дар шаҳри Қум (ҷануби Теҳрон), дар ойини сӯгвории шаҳодати мазлумонаи духтари набии акрам (с) ширкат мекунанд.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар бистуми ҷимоди-ус- сонии соли панҷуми беъсат дар Маккаи мукаррама ба дунё омаданд ва аз кӯдакӣ таҳти роҳнамоиҳои падарашон бо маорифи олии илоҳӣ ошно шуданд. Эшон аз ҷумлаи хавоси даргоҳи Худованд буданд, ки аз сарчашмаи улуми илоҳӣ баҳраи фаровоне доштанд.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар саросари зиндагии худ саховат, исор, гузашт, сабр, қаноат, ибодати парвардгор ва кумак ба зердастонро ба зеботарин шакли мумкин ҷилвагар сохтанду инсонҳои бузургу таърихсозе ҳамчун имом Ҳасан (а) ва имом Ҳусайн (а) дар домони эшон парвариш ёфтанд.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) пас аз 18 соли зиндагӣ бар асари зулмҳо ва ранҷу ғами вафоти падарашон ҳазрати Муҳаммад (с) ба ривояте дар 13-уми ҷимоди-ул-аввал ва ба ривояте дар сеюми ҷимоди-ус- сонии соли 11-и ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.
Радиои тоҷикии Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани Солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ба ривоятеро ба ҳамаи мусулмонону озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.