Оғози вижабарномаҳои даҳаи мубораки Фаҷр дар Эрон
(last modified Thu, 01 Feb 2018 06:52:06 GMT )
Феврал 01, 2018 11:52 Asia/Dushanbe
  • Оғози вижабарномаҳои даҳаи мубораки Фаҷр дар Эрон

Ҳамзамон бо солрӯзи вуруди таърихии ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон вижабарномаҳои даҳаи Фаҷр дар саросари Эрони исломӣ оғоз шуд.

Имрӯз панҷшанбе 12 баҳман баробар бо аввали феврали 2018 оғози даҳаи мубораки Фаҷри инқилоби исломии Эрон аст.

Дар солрӯзи вуруди ҳавопаймои Имом Хумайнӣ (раҳ) ба фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон (аввали феврали 1979), зимни баргузории маросими намодин дар ин фурудгоҳ, занги мадрасаҳо, ноқуси калисоҳо ва буқи қаторҳо ва киштиҳо ба садо даромад.

Мардуми инқилобии Эрон низ бо ҳузур дар марқади мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ) бо ормонҳои эшон таҷдиди паймон мекунанд.

Ҳаракати мототсиклсаворон ва гулборон дар масири ҳаракати Имом аз фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон то Биҳишти Заҳро (оромистони Теҳрон) аз дигар барномаҳои имрӯз аст.

39 соли пеш дар чунин рӯзе дувоздаҳуми баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ (аввали феврали 1979) ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, пас аз понздаҳ сол дурӣ ва табъид, миёни истиқболи пуршури мардум, қадам ба хоки Эрони исломӣ гузошт.

Пас аз гузашти 10 рӯз аз вуруди эшон ба Эрон, дар рӯзи 22 баҳмани соли 1357 (11 феврали соли 1979) инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон ба пирӯзӣ расид.

Ба ҳамин далел аз рӯзи дувоздаҳуми баҳман то бистудувуми баҳман, ки рӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ аст даҳаи Фаҷр номгузорӣ шудааст ва ҳар сол, ҷашнҳо ва маросими вижаи пирӯзии инқилоби исломӣ дар ин айём баргузор мешавад.