Феврал 02, 2018 19:24 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Амрико аз ибтидои тавофуқи ҳастаӣ ниятро бар поймолсозии аҳд гузошт

Муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон гуфт: Давлати Амрико аз ибтидо нияти душманӣ бо тавофуқи ҳастаиро гузошт ва аҳзоби сиёсӣ дар Осиё ба талошҳои раисҷумҳури Америка барои барҳам задани БАРҶОМ таваҷҷуҳ кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аббоси Ироқчӣ рӯзи ҷумъа дар бисту нуҳумин нишасти Кумитаи доимии конфронси байналмиллалии ҳизбҳои осиёӣ ва дувумин конфронси вежаи «Роҳи абрешим» дар Теҳрон, таваҷҷуҳи аҳзобро ба дархости давлати Амрико барои ҳамроҳии аврупоиҳо дар ростои нобудии тавофуқи ҳастаӣ ҷалб кард.

 Муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон таъкид кард: Давлати Эрон бо ҳадафи эҷоди эътимод ва боварӣ вориди музокирот барои рафъи буҳрони сохтагии ҳастаӣ шуд ва дар масири костан аз беэътимодӣ, тавофуқи бурд- бурдро пеш бурд.

 Ироқчӣ гуфт: Талош барои эҷоди минтақаи қавӣ ва пазириши асли таъмини манофеъи ҷамъӣ дар минтақаи ғарби Осиё ва таъмини қоидаи бурд – бурд, сиёсати мадди назари Эрон буда , дар ин сиёсат таъмини манфиъатҳои ҳар яке аз кишварҳои минтақа дар гарави таъмини манфиъатҳои ҳама кишварҳои минтақа аст.

 Муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон бо ишора ба нақши аҳзоби осиёӣ дар тақвияти раванди ҳамгароӣ дар минтақа, таъкид кард: Ниҳодҳои мардумӣ монанди аҳзоб метавонанд илова бар мубориза бо нуфуз ва густариши ифротгароӣ, фурсати гуфтугӯ байни динҳо ва фарҳангҳоро ҳам эҷод кунанд.

 

Барчасп