Феврал 05, 2018 13:38 Asia/Dushanbe
  • Иқомати як миллион паноҳандаи хориҷӣ дар Эрон

Сарпарасти комиссариёи олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид дар Эрон гуфт, акнун як миллион паноҳандаи хориҷӣ дар Эрон иқомат доранд ва 456 ҳазор донишомӯзи афғон дар мадрасаҳои Эрон таҳсил мекунанд.

Ирина Куринок рӯзи якшанбе дар ҳошияи ифтитоҳи дабиристони 12 - сола бо ҳузури намояндагони Норвегия, Кореяи Ҷанубӣ ва Фаронса дар Бушеҳр, ҷануби Эрон, дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд, аз 456 ҳазор донишомӯзи афғон дар Эрон 380 ҳазор нафар дорои мадорики ҳувиятӣ ва 76 ҳазор нафар бидуни мадрак ҳастанд.

Сарпарасти комиссариёи олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид дар Эрон изҳор дошт, имкони таҳсили донишомӯзони афғон бидуни мадорики ҳувиятӣ дар мадориси Эрон бо фармони Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар заминаи ироаи хадамоти омӯзишӣ ба ҳама донишомӯзони афғон дар мадрасаҳои Эрон фароҳам шудааст.

Вай афзуд, комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон бо ҳамкории Эрон дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла беҳдошт, омӯзиш ва маишати паноҳандагон машғул ба фаъолият аст.

Мақомоти СММ борҳо бо қадрдонӣ аз хадамоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба паноҳҷӯён таъкид кардаанд, Эрон мадорис, донишгоҳҳо, бемористонҳо ва марзҳои худро ба рӯйи паноҳандагон боз кардааст. Ба гунае, ки ин афрод ҳамонанди мардуми Эрон аз ҳама имтиёзҳод бархурдор ҳастанд.

 

Барчасп