Феврал 07, 2018 14:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури андешамандони 38 кишвари ҷаҳон дар ҷашни солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ

Қоиммақоми Шурои ҳамоҳангии таблиғоти исломии Эрон гуфт: Андешамандон ва фарҳехтагоне аз 38 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Амрико, Фаронса, Жопун, Миср, Либия, Ҳоланд ва Канада дар ҷашнҳои солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ ширкат хоҳанд кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Нусратуллоҳ Лутфӣ афзуд : Беш аз шаш ҳазор аккос, филмбардор ва хабарнигори дохилӣ ва 250 аккос, хабарнигор ва филмбардори хориҷӣ пушишдиҳандаи ҳамосаи бузурги мардуми Эрон дар солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ хоҳанд буд.

Ба гуфтаи вай ҳамчунин 20 ҳазор ғурфаи фарҳангӣ ва ҳунарӣ дар масири роҳпаймоии 22-и баҳман дар саросари Эрон барпо мешавад.

Инқилоби исломии Эрон 11-уми феврали 1979 (22-и баҳмани соли 1357) ба раҳбарии ҳазрати Имом Хумайнӣ (р)- бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон зидди режими Паҳлавӣ ба пирӯзӣ расид.

Мардуми саросари Эрони исломӣ ба ҳамин муносибат бо ҳузури густарда дар роҳпаймоии солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ бо ормонҳои бунёнгузори кабири ҷумҳурии исломӣ ва ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ- раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таҷдиди байъат мекунанд.