Тафовути ғизои имом Хумайнӣ (р) ва Поп аз нигоҳи хабарнигори фаронсавӣ
(last modified Wed, 07 Feb 2018 15:03:43 GMT )
Феврал 07, 2018 20:03 Asia/Dushanbe
  • Тафовути ғизои имом Хумайнӣ (р) ва Поп аз нигоҳи хабарнигори фаронсавӣ

Яке аз муҳимтарин вижагиҳои имом Хумайнӣ (р), ки таваҷҷуҳи хабарнигорони хориҷиро бисёр ба худ ҷалб мекард, қаноату сода‌зистии эшон буд.

Сайти ҷомеи имом Хумайнӣ (р) хотираи як хабарнигори фаронсавиро аз тафовути ғизои имом Хумайнӣ ва Поп бознашр кардааст .

Ин хабарнигори фаронсавӣ ҳангоми зуҳр вориди хонаи имом Хумайнӣ шудааст, менависад: “Ноҳори имом як ғизои эронӣ ба исми обгушт буд ва ин ҳамон ғизое буд, ки дар он рӯз дигарон ҳам аз он мехурданд. Оятуллоҳ Хумайнӣ ҳамроҳ бо ҳамсар, писар, арусу наваҳояшон бар сари суфра нишасту баъди ба забон овардани номи Худо миқдори каме ғизо хурд. Муддати ноҳор хурдани эшон дақиқан ҳафт дақиқаву чиҳил сония буд ва баъд билофосила ба утоқи кораш рафт”.

Ин хабарнигори фаронсавӣ дар идома, навъи зиндагии раҳбари инқилоби исломии Эрон ва раҳбари католикҳои ҷаҳонро бо ҳам муқоиса кардаву менависад: “Ман як бор муваффақ шудам, ноҳор хурдани Попро ҳам ба чашм бинам. Маҷмуаи ғизоҳое, ки барои эшон тадорук дида буданд, рӯи мизе ба тӯли 12 метр ва ба арзи дуву ним метр чида шуда буд. Ҳеч навъ ғизои италияӣ набуд, ки рӯи ин миз набошад. Он вақт ҳазрати Поп бар сари ин миз ба танҳоӣ ноҳори худро майл карданд, муддати ноҳор хурдани эшон як соату панҷоҳ дақиқа буд ва баъд боқии ғизои эшон, он тавр, ки ман фаҳмидам, ба куллӣ нобуд шуд”.