Устоди донишгоҳи Малайзия: Форсӣ забони сулҳ аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i29657-Устоди_донишгоҳи_Малайзия_Форсӣ_забони_сулҳ_аст
Устоди донишгоҳи Малайзия гуфт: Форсӣ забони сулҳу инъикосдиҳандаи фарҳанги решадори эронӣ-исломӣ аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 07, 2018 22:17 Asia/Dushanbe
  • Устоди донишгоҳи Малайзия: Форсӣ забони сулҳ аст

Устоди донишгоҳи Малайзия гуфт: Форсӣ забони сулҳу инъикосдиҳандаи фарҳанги решадори эронӣ-исломӣ аст.

Носири Сорилӣ, устоди курси забони форсии донишгоҳи Путраи Малайзия гуфт: Забони форсӣ омили ошноии мардуми ҷаҳон бо дидгоҳҳои ҳақгароёнаи эрониён аст .

Вай ҳамчунин ёдгирии забони форсиро заминае барои тағйири дидгоҳҳое донист, ки таҳти таъсири эронҳаросӣ ва исломҳаросӣ шакл гирифтааст .

Курси забони форсӣ бо ҳамкории муштараки ройзании илмии Эрон дар шарқи Осиё ва ба намояндагӣ аз Вазорати улум, таҳқиқоту фанноварии Эрон ва донишгоҳи Ю Пи Эми Малайзия роҳандозӣ шудааст .