Феврал 07, 2018 22:25 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Эрону Туркия дар Теҳрон

Вазири умури хориҷаи Туркия, ки дар садри як ҳайъати сиёсӣ ба Теҳрон сафар кардааст,  рӯзи чаҳоршанбе бо вазири умури хориҷаи Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Мавлуд Човуш Уғлу ва Муҳаммадҷаводи Зариф дар ин дидор дар бораи роҳҳои мухталифи тақвияти равобити дуҷониба ба вижа дар бахшҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ табодули назар карданд .

Гуфтугӯ дар бораи авзои минтақа аз ҷумла пайгирии натоиҷи ҳосил аз нишасти ахир дар Сочии Русия дар бораи Сурия аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи вазирони хориҷаи Эрону Туркия буд .

Човуш Уғлу пас аз дидор бо Зариф бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон низ мулоқот кард.