Феврал 09, 2018 18:33 Asia/Dushanbe
  • Узрхоҳии расмии КБО ва кумитаи баргузории бозиҳои олимпии замистонӣ аз Эрон

Кумитаи байналмиллалии олимпӣ(КБО) ва кумитаи баргузории бозиҳои олимпии 2018-и Пхёнчхан аз корвони Эрон бобати ҳодисаҳои ахир узрхоҳӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Ал-Олам, Пиер Миро- муовини  раиси Кумитаи байналамллии олимпӣ бо ирсоли номае ба Сайидрзо Солеҳии Амирӣ-раиси Кумитаи олимпии Эрон ба сабаби ҳодисаҳои рухдода ва эҳдо нашудани гушиҳои Самсунг ба варзишкорони эронии ҳозир дар олимпиадаи замистонии Пхёнчхани Кореяи ҷанубӣ амиқан ибрози таассуф кард.

 Дар ин нома омадааст, ки қарор аст пагоҳ барои дилҷӯӣ аз корвони Эрон нишасте байни аъзои корвони Эрон ва мақомоти КБО баргузор шавад.

 Ли Ҳи Бом-раиси кумитаи баргузории бозиҳои олимпии замистонии 2018-и Пхёнчхани Кореяи ҷанубӣ низ бо ирсоли номае ба сарпарасти корвони Эрон дар ин бозиҳо, бобати руйдодҳои ахир расман узрхоҳӣ кард.

 Вай дар ин нома таъкид кардааст, ки ноҳамоҳангӣ дар тақсими ҳадияҳои Самсунг далели ин моҷаро буда ва ҳоло ӯ бо ирсоли ин нома ба думболи дилҷӯӣ аз корвони Эрон аст.

Рӯзи панҷшанбе ҷанҷоли эҳдои гушиҳои Самсунг ба ҳамаи корвонҳои ширкаткарда дар олимпиадаи замистонии Пхёнчхан, ба ҷуз корвонҳои Эрон ва Кореяи шимолӣ ҷанҷол офарид.

Мақомҳои эронӣ вокуниши тунде ба ин мавзӯъ нишон доданд; то ҷое, ки сафири Кореяи ҷанубӣ дар Теҳрон ба вазорати хориҷаи Эрон даъват шуд ва вазири иртибототи Эрон аз таҳрими ин ширкат дар сурати узрхоҳӣ накардан хабар дод.

 Сафири Кореяи ҷанубӣ низ дирӯз бо ибрози таассуф аз вазъияти ба вуҷуд омада эълом кард,ки давлати Сеул ва ширкати Самсунг нақше дар ин моҷаро надоштаанд ва Кумитаи байналмиллалии олимпӣ масъули тақсими ҳадияҳои Самсунг ба варзишкорон будааст.