Такзиби дидори маҳрамонаи се узви Конгресси Амрико бо Рӯҳонӣ
(last modified 2018-02-10T12:16:17+00:00 )
Феврал 10, 2018 17:16 Asia/Dushanbe
  • Такзиби дидори маҳрамонаи се узви Конгресси Амрико бо Рӯҳонӣ

Муовини иртиботот ва иттилорасонии дафтари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дидори маҳрамонаи се нафар аз аъзои Конгресси Амрико бо Ҳасани Рӯҳонӣ дар сафари соли 2013 ба Ню-Йоркро, дурӯғи маҳз донист.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раёсатҷумҳурии Эрон, Парвизи Исмоилӣ, муовини иртиботот ва иттилорасонии дафтари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе гуфт, тамоми дидорҳо ва мулоқотҳои Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон дар сафарҳои солона ба Ню-Йорк ва мақари Созмони Милали Муттаҳид, ҳамроҳ бо иттилорасонӣ буда ва ҳеҷ мулоқот ё дидоре ба сурати маҳрамона, анҷом нашудааст.

Парвизи Исмоилӣ гуфт, иддаои мулоқот ва хӯроки шоми маҳрамонаи се нафар аз аъзои Конгресси Амрико бо Ҳасани Рӯҳонӣ дар сафари соли 2013 ба Ню-Йорк беасос аст ва раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафар ба мақари Созмони Милал, танҳо дар ҷамъи самимӣ ва меҳмонии хӯроки шом ба ифтихори эрониёни муқими Амрико, ширкат мекунад.

Сойти интернетии “Daily Coler” ва сипас “The Wall Street Journal”, пеш аз ин муддаии хӯроки шоми маҳрамонаи се нафар аз аъзои Конгресси Амрико, бо раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 2013 шуданд.

 

Барчасп