Феврал 11, 2018 12:30 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҷунбиши бузург ва тамошоии 22 баҳман дар Эрони исломӣ

Мардуми саросари Эрони исломӣ ҳамзамон бо шаҳри Теҳрон дар беш аз 1000 шаҳр ва чаҳор ҳазор русто дар роҳпаймоии солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон ҳузури миллионӣ ва тамошоӣ доранд.

Роҳпаймоии 22 баҳман бо ҳузури густурдаи ақшори мухталифи мардум ва масъулон субҳи рӯзи якшанбе дар Машҳад, шимолу шарқи Эрон, оғоз шуд. Роҳпаймоён дар ин ҷашни миллӣ бо ҳамли парчамҳои Эрон, тасовири Имом Хумайнӣ (раҳ) ва Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, шиорҳои “Аллоҳу Акбар”, “Марг бар Амрико” ва “Марг бар Исроил” сар доданд.

Мардуми шаҳри Қум, ҷануби Теҳрон ҳам ба ҳамроҳи мароҷеи изоми тақлид, уламо, туллоби ҳавзаҳои илмия ва масъулон бо ҳузури бошукӯҳ дар роҳпаймоии 22 баҳман ва бо сардодан шиорҳои “Аллоҳу Акбар”, “Истиқлол, озодӣ, ҷумҳурии исломӣ”, вафодории худро ба ормонҳои низоми исломӣ эълом ва таҳдидҳои Амрико ва Ғарб алайҳи Эронро маҳкум карданд.

Марздорони шиа ва суннӣ дар устони Кирмоншоҳ, ғарби Эрон низ бо ҳузури густурда дар маросими роҳпаймоии 22 баҳман ва бо дар даст доштани парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сар додани шиорҳои “Марг бар Амрико” ва “Марг бар Исроил”, бори дигар иттиҳод ва якпорчагии худро ба рухи душманони инқилоби исломӣ кашонданд.

Мардуми Исфаҳон, маркази Эрон ҳам дар солрузи пирӯзии инқилоби исломӣ бо фарёдҳои “Аллоҳу Акбар”, “Хоманаӣ раҳбар”, “Марг бар Амрико”, “Марг бар Исроил” ва бо дар даст доштани порчанавиштаҳое алайҳи истикбор ва ҳомёнаш, бори дигар хурӯши худро ба рухи душманони низоми Эрони исломӣ кашонданд.

Эрониёни дигар шаҳрҳои Эрон низ бо ҳузури ҳамосӣ, миллионӣ ва дар даст доштани парчами серанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар роҳпаймоии 22 баҳман, яксадо шиори “истиқлол, озодӣ ва ҷумҳурии исломӣ”-ро фарёд мезананд.

 

Барчасп