Шикасти тавтеаҳои Амрико алайҳи давлат ва миллати Эрон
Раиси Маркази мутолиоти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Русия, тавтеаҳои Амрико алайҳи давлат ва миллати Эронро бенатиҷа ва шикастхӯрда донист.
Семён Багдасаров, раиси Маркази мутолиоти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Русия ва намояндаи собиқи Думо, рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо "ИРНА", гуфт, Амрико бо таҳдид, таҳрим ва фишор алайҳи Эрон дар чанд даҳаи ахир талош кардааст, то сиёсатҳои мустақили ин кишварро тағйир диҳад ва монеаҳо дар масири султаи худ, бар минтақаи Ховари Миёна ва кишварҳои сарватманди ин минтақаро аз миён бардорад.
Ин коршинос афзуд, бо вуҷуди шикасти сиёсатҳои зиддиэронии Амрико, Вашингтон аз тавтеа алайҳи Теҳрон сарфи назар намекунад, аммо ҳимояти густурдаи мардуми Эрон аз ҳукумати кишварашон, онро қудратмандтар ва дар баробари тавтеаҳои Амрико пойдортар мекунад.
Багдасаров ҳамчунин гуфт, ҳимоят аз кишварҳои қурбонии терроризм ҳамчун Сурия ва Ироқ метавонад, монеаҳои бештареро дар масири иҷрои тавтеаҳои султаҷӯёнаи Ғарб дар минтақа, ба вуҷуд оварад ва чунин рӯйкадеро ҳамакнун аз тарафи Теҳрон ва Маскав шоҳидем.