Феврал 12, 2018 11:53 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии Эрон бо давлат ва миллати Русия

Дар пайи суқути ҳавопаймо дар Русия, ки ба ҷон бохтани 71 нафар анҷомид, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо хонаводаи қурбониён, давлат ва миллати Русия ҳамдардӣ кард.

Як фарванд ҳавопаймои “АН – 148”-и Русия бо 71 сарнишин асри якшанбе, пас аз бархестан аз фурӯдгоҳи Домодедово, дар наздикии Маскав, пойтахти ин кишвар суқут кард.

Ин ҳавопаймо ба ширкати хутути ҳавоии Саратови Русия тааллуқ дошт ва аз Маскав озими шаҳри Орски ин кишвар буд.

Бархе манобеъ ба нақл аз Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия, номи 71 мусофири ин ҳавопайморо эълом кардаанд, ки ба назар мерасад ҳеч тоҷикистонӣ дар ин ҳавопаймо набудааст.