Феврал 12, 2018 17:44 Asia/Dushanbe

Роҳпаймоии саросарии мардуми Эрон дар солрӯзи пирӯзии Инқилоби Исломӣ, ҳузурии ҳамосӣ бо паёмҳои ҷаҳонӣ буд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ якшанбешаб дар паёме аз ҳузури ҳамосӣ ва хиракунандаи миллати Эрон, дар роҳпаймоии “Явмуллоҳ - 22 баҳман” таҷлил карданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоминаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар ин паём хотирнишон карданд; Азамати роҳпаймоии миллати Эрон, ки ба назари муҳосибагарон дақиқ, аз солҳои пеш пурҷамъияттар ва пуршӯртар буд, посухи қотеъ ва дандоншикане ба бегонагон, душманон ва сустаҳдон дод.

Эшон бо ишора ба инки душман бо такя бар тасаввури ноқису ва ботили худ аз Эрон ва эронӣ, ҳамаи тавону талоши таблиғии худро бар ин мутамарказ карда буд, ки 22 баҳмани имсолро бе равнақу аҳёнан ба зидди худ табдил кунад, тасреҳ карданд:"... миллати Эрон, амалан зинда ва пӯё будани Инқилоби исломии Эронро ба рухи душман кашид ва пайбандӣ ба ормонҳои Имом Хумайнӣ (раҳ.), Бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эронро бо шиорҳо ва ҳузури гарми худ бо садои баланд, фарёд зад."

Миллати Эрон бо муқовимати камназири худ, тайи наздик ба чиҳил сол нишон дода, ки тавоноии истодан муқобили зӯргӯиҳои Амрикоро дорад ва ҳамин истодагӣ, имрӯз ба пуштвонаи мустаҳками низоми Ҷумҳурии исломӣ табдил шудааст. Миллати Эрон ба хубӣ медонад, ки Амрико барои ҷуброни шикастҳояш дар қазоёи буҳрони терроризм ва ишғолгарии ДИИШ дар Сурия, ба шиддат талош мекунад, то Эронро ба инзиво бикашонд ва дар фазои байналмилалӣ таҳти фишор қарор диҳад, аммо ҳаргиз муваффақ нахоҳад шуд ва далели ин нокомӣ, ҳузури огоҳона ва инқилобии мардум дар саҳнаҳои ҳамосӣ, ҳамчун роҳпаймоии 22 баҳман аст.

Ин басират тайи наздик ба чаҳор даҳа аз ҳаёти низоми Ҷумҳурии исломӣ ва дар масоф бо тавтеаҳои Амрико бадаст омадааст. Аз ин руст, ки миллати Эрон имсол низ бо ҳузурии чшмгир дар роҳпаймоии саросарии 22 баҳман, бори дигар хашму инзиҷори худро аз иқдомоти истикбории Амрико, эълом ва бар пуштибонии қотеи худ аз муваффақиятҳои ҷавонони эронӣ дар арсаи илму фанноварӣ ва саноати боздорандаи дифоӣ ва мушакӣ таъкид кард. Ин таъкид нишондиҳандаи ин нукта аст, ки миллати Эрон нисбат ба масоили ҳассос ва калидӣ комилан ҳӯшёру огоҳ аст ва ҳаргиз иҷоза намедиҳад, ҷараёнҳои инҳирофӣ хадшае ба арқони иқтидору тавонмандиҳои низомӣ ворид созад. Таҷрибаи наздик ба ним қарн нишон медиҳад, Амрико бо мудохилоташ пайваста омили ноамнӣ ва буҳронсозӣ буда ва бо иқдомоти танишзо, бадунболи султаҷӯӣ ва бартарии геоиполитик дар минтақа аст. Дар ин росто, ҳадафи Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ, эҷоди навъе мувозина байни ҳифзи БАРҶОМ ва гушӯда шудани ҳамзамонии боби музокира дар бораи масоили иддаоии Ғарб, бахусӯс дар ҳавзаи масоили дифоӣ ва мушакӣ ба баҳонаи нигаронӣ аз таҳдид будани тавони мушакии Эрон аст.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия мегӯяд : «Онҳое, ки барномаи мушакии Эронро суботзудо мебинанд, бояд барои ҳарфи худ истидлоле дошта бошнд

Миллати Эрон бо ҳузури якпорчаи худ дар роҳпаймоии бузурги 22 баҳман, дар воқеъ посухе муҳкам ба таҳдидҳо ва таваҳҳумоти Кохи Сиафед дод ва қудрати нарми худро ба рухи душманон кашид. Ба таъбири Раҳбари муаззами инқилоб, азму басирати миллати Эрон, ҳодисаи бузург ва хиракунандае офарид, наҳиб (бонг)-и миллати Эрон, душманро ба ақиб меронад ва азми росихи ӯ, муодилоти ғалати ононро баҳам мерезад.