Раҳбари инқилоб: Бародарони шиаву суннӣ дар Эрон дар канори якдигаранд
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, бародарони шиаву суннӣ дар Эрон дар душвортарин майдонҳо канори якдигар истодаанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи душанбе, панҷуми феврал бо дастандаркорони Кунгураи шаҳидони устони Систону Балучистони Эрон дидор карданд, ки суханони эшон дар ин дидор, имрӯз, сешанбе дар маҳалли баргузории ин ҳамоиш дар шаҳри Зоҳидон пахш шуд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин дидор устони Систону Балучистонро ҳамчун устонҳои Курдистону Гулистони Эрон, мазҳари ваҳдати исломӣ ва улгӯи ҳамкорӣ ва зиндагии бародаронаи шиаву суннӣ барои дунё донистанд.
Эшон бо таъкид бар ҳушёрӣ дар муқобили тафриқаафкании душман афзуданд: “Шаҳодати як навҷавони суннӣ дар Дифои муқаддас (ҷанги ҳаштсолаи режими диктатории Ироқ алайҳи Эрон) ва ё шаҳид шудани як мавлавии аҳли суннат ба дасти зиддиинқилоб, ба иллати дифоъ аз инқилоби исломӣ нишон медиҳад, бародарони шиаву суннӣ дар ҷумҳурии исломӣ дар душвортарин майдонҳо дар канори якдигар ҳозиранд ва бояд бо корҳои фарҳангиву ҳунарӣ ин ҳақоиқ ва ваҳдати воқеиро муҷассаму намоён кард.
Раҳбари инқилоби исломӣ гуфтанд, бо вуҷуди истеъдодҳои саршор дар даврони қоҷору паҳлавӣ ба мардуми Систону Балучистон беэътиноӣ мешуд ва ҳамин муҷиб шуд, ки истеъдодҳои мардум бурӯз накунад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин таъкид карданд, низоми исломӣ ба таъзиму такрими шуҳадо ниёзманд аст.