Август 25, 2016 20:26 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони чиҳилудуввумин нишасти Иттиҳодияи радио ва телевизиони Осиё ва Уқёнусия

Понздаҳумин Маҷмаи умумии муассисаи тавсеаи радио ва телевизионҳои Осиё - Уқёнусия (aibd), ки чиҳилудуввумин нишасти солонаи ин иттиҳодия низ маҳсуб мешавад, имрӯз (панҷшанбе) ба мизбонии Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад.

Нишасти Кумитаи роҳбурдии ин маҷмаъ аз субҳи имрӯз оғоз шуд ва маросими кушоиши ин рӯйдоди муҳими расонаӣ низ асри имрӯз дар салони ҳамоишҳои байналмилалии Садо ва Симо баргузор мешавад.

Ин рӯйдоди муҳими расонаӣ то шанбеи 27 август идома хоҳад дошт.

Муассисаи тавсеаи радио ва телевизионҳои Осиё - Уқёнусия дар соли 1977 ва таҳти назорати Созмони илмӣ ва фарҳангии Созмони милали муттаҳид (Юнеско) таъсис шуд. Ин муассиса созмони байнидавлатӣ аст ва ба кишварҳои узви комиссияи Осиё - Уқёнусияи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони милали муттаҳид хадамот ироа медиҳад.

Давлати Малайзия мизбони ин муассиса ва дабирхонаи он дар шаҳри Куала-лампур аст.

Нишасти Теҳрон бо ҳузури намояндагони радио ва телевизиони 17 кишвари узв,фурсати муносиб барои ироаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тавлидоти муштарак аст.

Дар ин маросим ду нишаст, шомили нишасти Кумитаи роҳбарӣ ё барномаҳои роҳбурдӣ ва дигаре нишасти аъзои Шӯрои иҷроӣ баргузор хоҳад шуд.

Ҳамчунин маросими муаррифии осори баргузидаи як мусобиқаи радио ва телевизионие, ки иттиҳодия аз қабл баргузор кардааст, дар ин рӯйдод сурат мегирад, ки бо эҳдои ҷоизаҳо ба баргузидагон ҳамроҳ хоҳад буд.

 Мизбони ин рӯйдод, ки пас аз ҳудуди 10 сол ба Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон вогузор шуд, аз ҳайси абъоди байналмилалӣ ва расонаӣ барои Эрон имтиёз ва эътибори муҳиме хоҳад дошт.

 Ба гуфтаи Аббос Носири Тоҳирӣ, мушовири раиси созмон ва мудири кулли умури байналмилали Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, муассисаи тавсеаи радио ва телевизионҳои Осиё - Уқёнусия, моҳият ва коркарди омӯзишӣ дорад ва барои иртиқои сатҳи неруҳои ҳирфаӣ дар расонаҳо фаъолият мекунад.

 Мудири кулли умури байналмилали Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, дар ин иттиҳодия ба лиҳози расонаӣ ҳам кишварҳои тавсеаёфтае мисли Ҷопон, Корея, Эрон ва Чин ва ҳам кишварҳои камтар тавсеаёфтае мисли Камбоҷа, Ветнам, Индонезия, Бутан ва Покистон ҳузур доранд.

 Носири Тоҳирӣ ҳадаф аз таъсиси ин иттиҳодияро гардиши дониш ва фановарӣ дар ҳавзаи расона дар байни кишварҳои узв, он ҳам ба дур аз масоили сиёсӣ эълом кард.

 Муассисаи тавсеаи радио ва телевизионҳои Осиё - Уқёнусия ё ҳамон aibd, соле якбор нишаст дорад, ки аъзои аслӣ ва вобаста дар он ҳузур меёбанд ва гузориши кору фаъолитҳои яксолаи худро ироа медиҳанд ва барномаҳои соли ояндаро ҳам мавриди баррасӣ қарор дода ва тасвиб мекунанд.

Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз соли 1992 узви Муассисаи тавсеаи радио ва телевизионҳои Осиё - Уқёнусия шуд ва фаъолитҳои зиёде дар ин муассиса доштааст.

Баргузории нишаст ва ҳузури аъзои Муассисаи тавсеаи радио ва телевизионҳои Осиё - Уқёнусия дар Теҳрон ин фурсатро фароҳам мекунад, то аъзои ин муассиса бо пешрафтҳои ҷумҳурии исломӣ дар ҳавзаи расона ошно шаванд.

 Аз тариқи ин таомули наздик, бистарсозии лозим барои иртиқои нигариши онҳо дар бораи Эрон ва Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон эҷод хоҳад шуд ва заминаҳои ҳамкорӣ ва тавсеаи расонаи миллӣ дар минтақа афзоиш хоҳад ёфт.