Феврал 15, 2018 14:27 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳури Эрон озими Ҳинд шуд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба даъвати расмии нахуствазири Ҳиндустон, имрӯз, панҷшанбе озими ин кишвар шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар фурӯдгоҳи "Меҳробод"-и Теҳрон ва дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ин сафар ба даъвати расмии нахуствазири муҳтарами Ҳинд ва дар посух ба сафари соли гузаштаи эшон ба Теҳрон анҷом мешавад.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки сафараш аз ду бахши фарҳангиву сиёсӣ ташкил шудааст, гуфт, бахши аввал, ки сафар ба Ҳайдаробод хоҳад буд, умдатан фарҳангӣ аст ва дар он бо уламои шиаву суннӣ, мусалмонони Ҳайдаробод ва эрониён, ки шумори қобили таваҷҷуҳе аз онон солҳои тӯлонӣ аст дар Ҳинд зиндагӣ мекунанд, дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт, забони форсӣ то чанд қарни пеш дар кулли шибҳи қораи Ҳинд роиҷ буд ва нақши муассире дар густаришу таъмиқи таомулоти илмиву фарҳангии ду тараф дошт.

Дидорҳои сиёсии Рӯҳонӣ дар Деҳлии нав бахши сиёсии сафари ӯро ташкил медиҳад.

Маросими истиқболи расмии раиси ҷумҳур ва нахуствазири Ҳинд аз раиси ҷумҳурии Эрон субҳи шанбе дар Деҳлии нав баргузор мешавад ва пас аз музокироти муштараки ҳайатҳои олирутбаи ду кишвар, асноду тафоҳумномаҳои мутааддиди ҳамкорӣ дар ҳузури мақомоти аршади Эрону Ҳинд мубодила хоҳад шуд.

Рӯҳонӣ яке аз масоили бисёри муҳим барои ду кишварро масъалаи транзит донисту гуфт, тавсеаи бандари Чобаҳор ва иттисоли Ҳинд аз ин тариқ ба Афғонистону Осиёи Марказӣ барои ҳар ду кишвар бисёр муҳим аст.

 

Барчасп