Идеяи таъсиси “Бозори эронӣ” дар минтақаи Волгаи Русия
(last modified Thu, 15 Feb 2018 12:51:12 GMT )
Феврал 15, 2018 17:51 Asia/Dushanbe
  • Идеяи таъсиси “Бозори эронӣ” дар минтақаи Волгаи Русия

Коршиносони русӣ мӯътақиданд, минтақаи Волга (Поволже), роҳи вуруди Эрон ба Иттиҳоди иқтисодии Евразияро ҳамвор месозад.

Ба гузориши Пойгоҳи хабарӣ таҳлилии дидабони Русия, утоқи бозаргонӣ ва саноати иёлати Саратови Русия, нишасти коршиносӣ бо мавзӯи «мушорикати байниминтақаӣ дар Иттиҳодияи иқтисодии Евразия: таомул бо Эрон» баргузор кард.

Алексей Антонов, раиси Утоқи бозаргонӣ ва саноати иёлати Саратов таъкид кард, Эрон шарики муҳим ва низ бозори муҳим барои широкати байниминтақаӣ дар чорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии Евразия аст.

Григорий Трофимчук, мудири нишасти коршиносӣ ва раиси Шӯрои коршиносии Бунёди «коргоҳи идеяҳои евразияӣ» ҳам гуфт, Утоқи бозаргонии Эрон ва хонаи тиҷорати Поволже, тавонои ҷамъоварии манобеи фикрӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии кофӣ барои барқарории иртиботи иқтисодӣ ва тиҷорӣ миёни Эрон ва Поволже0ро доранд.

Марини Лапенко, мудири маркази таҳқиқотӣ ва таҳлилии “Евразия- Волга”, муҳиммтарин ҳадафи ҳамкории иёлати Саратов ва Эронро, эҷоди бистари муносиб барои гуфтугӯи намояндагони давлатҳо ва бозаргонони ду тараф донист.

Иван Бабошкин, раиси вилояти Саратов бо ишора ба чашмандозҳои афзоиши зарфиятҳои содиротии минтақа, бар аҳамияти густариши ҳамкориҳо байни Иттиҳодияи иқтисодии Евразия ва Эрон таъкид кард.