Руҳонӣ дар намози ҷумъаи Ҳайдарободи Ҳиндустон: Мусулмонон роҳе ҷуз иттиҳод надоранд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронӣ дар намози ҷумъаи шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон гуфт: Мусулмонон роҳе ҷуз иттиҳод ва бародарӣ надоранд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҳасани Руҳонӣ ва ҳайати ҳамроҳаш зуҳри имрӯз-ҷумъа барои ширкат дар намози ҷумъа дар «Макка масҷид»-и шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон ҳузур ёфтанд.
Руҳонӣ дар суханронии худ барои намозгузорони Макка масҷиди Ҳайдарободи Ҳиндустон пас аз баргузории намози ҷумъа гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ва давлати Эрон мӯътақид аст роҳе ҷуз ваҳдат, иттиҳод ва бародарӣ миёни мусулмонон вуҷуд надорад ва роҳи наҷоти мо ин аст, ки ҳамаи мо тамоми фирқаҳои исломиро ба расмият бишносем.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Агар мусулмонони ҷаҳон муттаҳид буданд Амрико ҷуръат намекард Байтулмуқаддасро пойтахти режими саҳюнистӣ эълом намояд ва режими саҳюнистӣ ҳар рӯз ба ҳуқуқи фаластиниён таҷовуз кунад.
Вай афзуд: Дигарон мехоҳанд мусулмононро таҳқир кунанд, аммо мусулмонон дар тӯли таърих дорои илму тамаддун ва азамат буда ва ояндаи ҷаҳон аз они мусулмонон хоҳад буд.
Раисҷумҳури Эрон таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳамаи миллатҳои мусулмон кумак карда ва омодагӣ дорад ин кумакро идома диҳад, ҳамчунон, ки ба миллатҳои Ироқ, Сурия ва Лубнон кумак кардааст.
Пеш аз ҳузури Руҳонӣ дар масҷиди шаҳри Ҳайдаробод мусулмонони ин шаҳр дар масири ҳаракати ҳайати Ҷумҳурии исломии Эрон бо сар додани шиорҳое чун «Руҳонӣ хуш омадӣ» ва « Зинда бод Эрон, зинда бод Ҳиндустон» аз ҳузури ӯ дар намози ҷумъа истиқбол карданд.
Макка масҷид аз осори таърихии бисёр барҷастаи Ҳиндустон ва бузургтарин масҷид дар ҷануби ин кишвар аст. Ин масҷидро Султон Муҳаммад Қутбшоҳ, шашумин фармонравои Дакан аз силсилаи эрониюласл ва шиаи қутбшоҳӣ дар соли 1617 сохтааст.
Султон Муҳаммад Қутбшоҳ, ки аз амирони диндори хонадони қутбшоҳӣ буд ва барои густариши забони форси дар Ҳиндустон бисёр талош кард.
Руҳонӣ асри имрӯз Ҳайдарободро ба мақсади Деҳлии нав тарк хоҳад кард.
Вай рӯзи шанбе бо раиси ҷумҳур, нахуствазир ва вазири хориҷаи Ҳиндустон дидор ва дар нишасти иқтисодии дуҷониба ширкат хоҳад кард.