Феврал 16, 2018 16:20 Asia/Dushanbe
  • Паёми роҳпаймоии 22-и баҳмани мардуми Эрон аз дидгоҳи хатиби ҷумъаи Теҳрон

Имом-ҷумъаи Теҳрон гуфт: Роҳпаймоии тамошоии миллати Эрон дар 22-и баҳман, нишондиҳандаи азму иродаи миллати Эрон дар посдорӣ аз ормонҳо ва арзишҳои инқилоби исломӣ буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҳасани Абутуробифард, ки ба тозагӣ аз сӯи Раҳбари инқилоби исломӣ ба имомати ҷумъаи Теҳрон мансуб шудааст, дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Миллати Эрон бо азму иродаи пулодини худ дар роҳпаймоии 22-и баҳман, арзишҳои волои инқилоби исломиро дар баробари дӯстон ва душманон ба намоиш гузошт.

 Вай афзуд: Идома ёфтани раҳмату инояти Худованд ба миллати Эрон муҳимтарин паёми ин роҳпаймоӣ аст.

Имом-ҷумъаи Теҳрон гуфт: Дувумин паёми роҳпаймоии бошукӯҳи 22-и баҳман дар ҷашни 39- солагии пирӯзии инқилоби исломӣ, маҳкамтар шудани пайванди миллати Эрон бо ормонҳои Имом Хумайнӣ(р)- бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон ва Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аст.

 Роҳпаймоии 22-и баҳман дар сиюнуҳумин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон, рӯзи якшанбе (11 феврал) ҳамзамон дар Теҳрон ва беш аз ҳазор шаҳр ва чаҳор ҳазор русто дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.

Ҳуҷҷатулислом Абутуробифард таъкид кард:Қудрати имрӯзи миллати Эрон дастоварди ваҳдат ва муқовимат дар баробари таҳдидгарони инқилоби исломӣ будааст.

 Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин гуфт: Миллати Эрон омодааст мушкилоти имрӯзро барои расидан ба қудрати фардо таҳаммул кунад.