Феврал 17, 2018 12:18 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Деҳлии нав

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон субҳи имрӯз шанбе ва дар оғози марҳилаи дуввуми сафари худ ба Ҳинд ба таври расмӣ дар Кохи раёсатҷумҳурии ин кишвар дар Деҳлии нав мавриди истиқболи Рам нат Ковинд(Ram Nath Kovind )- раиси ҷумҳури Ҳинд қарор гирифт.

Дар маросими истиқболи расмӣ аз Ҳасани Руҳонӣ, пас аз навохта шудани суруди миллии Эрон ва Ҳиндустон ба ифтихори ҳузури раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳайъати ҳамроҳ 21 гулулаи туп партоб шуд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин субҳи имрӯз бо ҳузур дар бинои ёдмони Маҳатма Гандӣ, бо нисори тоҷи гул ба мақоми рҳбари фақиди сиёсӣ ва маънавии Ҳиндустон адои эҳтиром ва дафтари ёдбуди  Маҳатма Гандиро имзо кард.

Вай қарор аст рӯзи шанбе бо нахуствазири Ҳинд дар бораи мавзӯъҳои мавриди алоқаи байналмиллалӣ ва ҳамчунин густариши муносиботи сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар гуфтугӯ кунад.

Нишасти тиҷории Ҳинд ва Эрон низ имрӯз бо ҳузури вазири иқтисод, тоҷирон ва саноатгарони Ҳинд ва Эрон баргузор ва роҳҳои афзоиши муносибатҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни ду тараф баррасӣ хоҳад шуд.

Суханронӣ дар ҷамъи нухбагон ва дипломатҳои ҳиндӣ аз дигар барномаҳои Ҳасани Руҳонӣ дар охирин рӯзи сафар ба Ҳинд хоҳад буд.

Дидори расмии серӯзаи Руҳонӣ аз Ҳиндустон аз рӯзи панҷшанбе  ва бо вуруд ба Ҳайдаробод,  дар ҷануби ин кишвар оғоз шуд.

Қарор аст дар сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Ҳиндустон 15 тавофуқнома ва ёддошти ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар имзо шавад.