Рӯҳонӣ: Агар Амрико дар БАРҶОМ паймон бишиканад пушаймон хоҳад шуд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки муомилаи Амрико баъд аз имзои БАРҶОМ коре музҳик аст, гуфт, Амрико набояд дунёи сиёсатро бо дунёи тиҷорат иштибоҳ бигирад ва агар дар БАРҶОМ паймон бишиканад, давлат ва миллати Амрико пушаймон хоҳанд шуд.
Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар ҷамъи муҳаққиқон ва андешмандони Муассиисаи «ORF»-и Ҳиндустон дар Деҳлии Нав бо баёни инки Амрико на бо Эрон ва БАРҶОМ, балки бо паймоншиканӣ ва афкори умумии ҷаҳон мухолиф аст, изҳор кард, БАРҶОМ тааҳҳуди ҳафт кишвар ва мавриди таъйиди Шӯрои амнияти Созмони Милал аст ва мутобиқи фарҳанги исломӣ ва эронӣ, то БАРҶОМ-ро нақз накунанд, Теҳрон нақз кунандаи он нахоҳад буд.
Рӯҳонӣ бо таъкид бар инки бисёре аз масоили нохушоянд дар ҷаҳон аз иштибоҳи муҳосиба сарчашма мегирад, афзуд, иштибоҳи муҳосиботӣ ва вафодор набудан ба аҳд аз далоили аслии иттихози сиёсатҳои хасмонаи Амрико зидди Эрон аст.
Вай бо баёни инки башар ҳазорон сол бо мушкилоте ҳамчун терроризм ва хушунат мувоҷиҳ будааст, тасреҳ кард, ДИИШ абзори хубе барои Амрико буд ва агар лозим бошад, далоилаш ба ҷаҳон тавзеҳ дода хоҳад шуд.
Рӯҳонӣ ҳамчунин хотирнишон кард, Амрико бидуни муҷаввизи Шӯрои амнияти Созмони Милал ба Ироқ ҳамла кард, ба хоки Сурия таҷовуз кард ва дар минтақа дахолат мекунад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки сиёсатмадорони ҷаҳон агар ахлоқ надоранд, лоақал ба миллатҳои худ дурӯғ нагӯянд, тасреҳ кард, сиёсат бидуни ахлоқ ва ҳамроҳ бо паймоншиканӣ, наметавонад мушкилоти ҷаҳонро ҳал кунад.
Муассисаи пажӯҳишии “Observer Research Foundation” маъруф ба «ORF» ба далели тамаркуз бар масоили муҳимми ҷаҳонӣ ва баҳрамандӣ аз мушорикати коршиносони барҷаста ва ҳузури сиёсатмадорони барҷаста, аз шӯҳрат ва аҳамият бархӯрдор аст.
Рӯҳонӣ, ки панҷшанбеи ҳафтаи гузашта барои анҷоми сафари се рӯза вориди Ҳиндустон шуда буд, баъд аз иқомати ду рӯза дар Ҳайдаробод, ҷумъашаб вориди Деҳлии Нав шуд ва субҳи рӯзи шанбе аз сӯи раисиҷумҳурӣ ва нахуствазири Ҳиндустон мавриди истиқболи расмӣ, қарор гирифт.