Имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Эрон ва Ҳиндустон
Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳиндустон барои густариши сатҳи муносиботи муштарак, 15 санад ва тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
Ин аснод ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, рӯзи шанбе дар Деҳлии Нав ва дар ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Нарендра Моди, нахуствазири Ҳиндустон аз сӯи мақомоти олирутбаи ду кишвар имзо шуд.
Мувофиқатномаи дӯрӣ аз гирифтани молиёти музоаф, ёддошти тафоҳуми лағви раводиди сиёсӣ, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи кишоварзӣ, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар ҳавзаи антидомпинг, ёддошти тафоҳуми мудирияти муваққати марҳилаи аввали бандари Чобаҳор, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати почтаи Эрон ва Идораи почтаи Ҳиндустон ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни муовинати умури занони раёсатҷумҳурии Эрон ва вазорати умури занони Ҳинд, аз ҷумлаи тафоҳумномаҳои имзо шуда байн Эрон ва Ҳиндустон аст.
Эрон ва Ҳиндустон ҳамчунин дар заминаҳои истирдоди муҷримон (умури консӯлӣ), муқарароти додгоҳӣ дар умури маданӣ ва тиҷорӣ, ҳамкориҳои беҳдоштӣ, дармон ва дору байни вазоратхонаҳои беҳдошти ду кишвар ва ҳамкорӣ дар ҳавзаи тибби суннатӣ байни вазорати беҳдошти Эрон ва вазорати тибби суннати Ҳиндустон, ёддошти тафоҳум имзо карданд.
Ёддошти тафоҳуми судури раводиди электронӣ, ёддошти тафоҳуми ҳамкории Утоқи бозаргонии Эрон бо Утоқи бозаргонии «Ficci» , ёддошти тафоҳуми ҳамкории Утоқи бозаргони Эрон бо утоқ бозаргонии «Asshocham» ва ёддошти тафоҳуми Утоқи бозаргонии Эрон бо Утоқи бозаргонии «PHD Chamber» низ аз дигар асноди имзо шуда, миёни мақомоти олирутбаи Эрон ва Ҳиндустон аст.
Дидори расмии се рӯзаи Рӯҳонӣ аз Ҳиндустон аз рӯзи панҷшанбеи гузашта ва бо вуруд ба Ҳайдаробод дар ҷануби ин кишвар, оғоз шуд.