Феврал 17, 2018 22:22 Asia/Dushanbe
  • Оғози фасле нав дар муносиботи Эрон ва Ҳинд

Маросими истиқболи расмӣ аз раисҷумҳури Эрон тавассути раисҷумҳур ва нахуствазири Ҳинд субҳи шанбе дар Деҳлии Нав анҷом шуд.

Дар ин сафари серӯза, ки аз панҷшанбеи гузашта оғоз шудааст, гуфтугӯҳои муҳиме миёни мақомҳои ду кишвар сурат гирифта, ки бо имзои понздаҳ тавофуқнома ва ёддошти тафоҳум ҳамроҳ шудааст.

Ин тавофуқот ва сатҳи олӣ ва ҷомеи музокирот нишондиҳандаи нигоҳи баландмуддати Теҳрон ва Деҳлии Нав ба равобити ду кишвар бар асоси ниёзҳо ва манофеи дуҷониба ва минтақаӣ аст.

Бархе таҳлилгарон муътақиданд, ки Ҳинд дар масири тавсеа ва пешрафт қарор дораду барои истимрор бахшидан ба ин раванд мусаммам ба истифода аз фурсатҳои ҳамкорӣ бар асоси воқеиятҳост .

Равобити Эрону Ҳинд дар солҳои гузашта таҳти таъсири бархе авомили минтақаӣ ва фароминтақаӣ қарор гирифт.

Ба ҳамин иллат натавонистааст, бо суръате мутан6осиб бо зарфиятҳо ҳаракат кунад.

Ҳинд кишваре дорои решаи забони форсӣ аст ва ин як фурсат дар равобити Эрону Ҳинд аст.

Дар ин росто гузинаҳои ҷойгузини Эрон монанди хати лулаи ТАПИ, ки баҳси он матраҳ аст, ниёзманди мушорикати чаҳорҷониба шомили Туркманистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳинд аст, ки иҷроӣ шуданаш кори осонӣ нест.

Эрон бо мавқеияти стратегии худ илова бар таъмини энержӣ метавонад муҷиби суботи минтақаӣ ва амнияти ҳосил аз он шавад, ки тамоми кишварҳо аз ҷумла Ҳинд аз он суд бубаранд.

Аҳаммияти муносиботи Эрону Ҳиндро мебоист дар чорчуби ду кишвари мустақили минтақа дид, ки равобиташон аз умқе роҳбурдӣ бархурдор аст.

Тавофуқномаи муҳими транзитии Эрону Ҳинд ва сармоягузории ҳинд дар заминаи баҳрабардорӣ аз зарфиятҳои бандари Чобаҳор, яке аз нишонаҳои роҳбурдӣ шудани муносиботи ду кишвар аст .

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон муътақид аст:

“Гоҳе мумкин аст, ки ду кишвар аз якдигар дур бошанд, аммо тақдири муштараке дошта бошанд. Лизо ночоранд, ки дар айни дур будан ба якдигар наздик шаванд” .