Қосимӣ: Изҳороти Макмастер хилофи БАРҶОМ аст
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон шанбешаб изҳороти ахири Герберт Раймонд Макмастер, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед дар бораи Эронро таҳдиди дигар кишварҳо аз сӯи ин мақоми амрикоӣ, хонд.
Ба гузориши ИРНА, Баҳроми Қосимӣ зимни маҳкум кардани изҳороти Макмастер хотирнишон кард, ин сӯҳбатҳо натанҳо хилофи тааҳҳудоти Амрико дар чорчӯби БАРҶОМ, балки нақзи ҳуқуқ ва муқаррароти байналмилалӣ тавассути Вашингтон аст.
Мушовири амнияти миллии раисиҷумҳури Амрико, рӯзи шанбе дар Конфронси амниятии Мюнхен дар изҳороти музҳик Эронро, ки нақши асосӣ дар мубориза бо терроризм дар минтақа дорад, масъули бештар бесуботиҳо дар Ховари Миёна баршумурд.
Макмастер ҳамчунин бо нақзи ошкори тааҳҳудоти БАРҶОМ-ии кишвараш, хостори адами сармоягузории кишварҳои ҷаҳон дар Эрон шуд.
Қосимӣ афзуд, шикастҳои пай дарпайи ҳайати ҳокимаи Амрико дар саҳнаҳои мухталифи ҷаҳонӣ бахусус дар моҳҳои ахир ононро бар он доштааст, то беш аз пеш ва бо сароҳат ингуна аҳдшиканӣ, ғайри қобили эътимод будан ва ниятҳои хасмонаи худро дар ҷаҳон ба намоиш бигузоранд.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд, Эрон, ин изҳоротро таҳдиди соири кишварҳо аз сӯи ин мақоми Амрико, талаққӣ ва онро натанҳо хилофи тааҳҳудоти Амрико дар чорчӯби БАРҶОМ, балки нақзи ҳуқуқ ва муқаррароти байналмилалӣ медонад.
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ҳамвора бар хилофи мавозеъи тарафҳои дигари БАРҶОМ, Барномаи Ҷомеи иқдоми муштаракро тавофуқе ваҳшатнок хонда ва хоҳони барҳам задани он аст, аммо ҷаҳон мухолифи ин иқдоми Трамп аст.