Феврал 18, 2018 14:37 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани тамоми мусофирон дар суқути ҳавопаймо дар Эрон

Дар ҳодисаи суқути як ҳавопаймои мусофирбарии масири Теҳрон- Ёсуҷ дар ҷануби устони Исфаҳон (маркази Эрон), ҳамаи сарнишинони он ҷон бохтанд.

Ин парвоз субҳи имрӯз (якшанбе), дақоиқе аз сафҳаи радар маҳв шуд ва сипас дар минтақаи Самирум дар ҷануби Исфаҳон суқут кард.

Тайи ин ҳодиса тамоми сарнишинони он, аз ҷумла 59 бузургсол ва як кӯдак ва ҳамчунин як халабон, як кумакхалабон, ду меҳмондор ва ду корманди амнияти парвоз ҷон бохтанд.

Бо дастури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, вазири роҳ, масъули таҳияи гузориши иллатҳои суқути ҳавопаймои ширкати Осмон шуд.