Феврал 18, 2018 18:57 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паи суқути ҳавопаймои мусофирбарӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паи сониҳаи суқути ҳавопаймои мусофирбарӣ паёми таслияте содир карданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём, тасреҳ карданд: Сониҳаи мусибатбори суқути ҳавопаймои мусофирбарӣ, ки ба ҷон бохтани чандин нафар аз ҳаммеҳанони азизамон анҷомид, дилҳоро лабрез аз андуҳу таассуф кард .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: Маротиби таассури амиқу ҳамдардии самимонаи худро бо хонаводаҳои доғдори онон иброз медорам ва сабри ҷамилу аҷри ҷазил барои онон ва раҳмату мағфирати илоҳӣ барои ҷонбохтагон аз Худованди мутаол хоҳонам .

Як фарванд ҳавопаймои ATR мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии “Осмон” субҳи имрӯз пас аз парвоз аз Фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон ва таи масири ба самти Ёсуҷ дар минтақа Денокуҳи Самирам суқут карду ҳамаи 66 сарнишини он ҷон бохтанд .