Паёми таслияти Рӯҳонӣ ба муносибати сониҳаи суқути ҳавопаймои мусофирбарӣ
(last modified 2018-02-18T15:42:05+00:00 )
Феврал 18, 2018 20:42 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Рӯҳонӣ ба муносибати сониҳаи суқути ҳавопаймои мусофирбарӣ

Раисҷумҳури исломӣ ҳодисаи суқути ҳавопаймои мусофирбарии Теҳрон-Ёсуҷро ба миллати Эрону хонаводаи доғдидагон таслият гуфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ афзуд: Сониҳаи талхи суқути ҳавопаймои мусофирбарии ширкати Осмон, ки мунҷар ба ҷон бохтани иддае аз ҳамватанони азиз шуд, боиси таассури фаровон гардид .

Раисҷумҳури исломии Эрон зимни ибрози ҳамдардӣ бо хониводаҳои доғдидагон, аз даргоҳи изади манон барои ҷонбохтагони ин ҳодиса, раҳмати восеа ва барои бозмондагон, сабру подоши фаровони илоҳӣ хост .

Як фарванд ҳавопаймои ATR мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии “Осмон” субҳи имрӯз пас аз парвоз аз Фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон ва таи масири ба самти Ёсуҷ дар минтақа Денокуҳи Самирам суқут карду ҳамаи 66 сарнишини он ҷон бохтанд.

 

 

Барчасп